ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО
Абармарди набарди Ваҳдат
достони манзуми шоир Ҷумъа Қувват дар бораи қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки соли 2016 тавассути нашриёти “Бухоро”-и шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 80 саҳифа мунташир шудааст. Достон аз “Сароғоз”, қисмҳои “Фарёд! Эй фарёдрас!”, “Роҳи наҷот”, “Сулҳи Хосдеҳ”, “Ҳуҷҷати Ваҳдат”, “Пешвои тоҷики рӯйи ҷаҳон”, “Чоряк асру раҳи садсолаҳо” ва “Анҷом” иборат аст.
Ин китобро ҳам худи муаллиф ба китобхона ҳадя кардааст. Онро аз шуъбаи толори хониш ва дигар шуъбаҳои хизматрасонӣ дастрас карда метавонед.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ ба муаллиф аз номи китобдорон ва истифодабарандагон миннатдорӣ баён мекунад.