Дар ҳар ҷо ки тоҷикон зистаанду мезиянд, осор ва бақоёи олии кишоварзӣ, анвои пурбору арзишманди гиёҳон дида мешавад. Попов М.Г. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.146

ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО

“ДУРРИ ҶАҲОНТОБ”

“ДУРРИ ҶАҲОНТОБ”

“ДУРРИ ҶАҲОНТОБ” дар таҳияи санъатшинос Аскаралӣ Раҷабов ва соли  2015 тавассути нашриёти “Бухоро”-и шаҳри Душанбе бо ҳаҷми 224 саҳифа мунташир шудааст. Дар ин китоб мақолоти олимону шуарои шинохтаи ҷумҳурӣ перомуни ҳаёт ва фаъолияти сарояндаи вологуҳар Ҷӯрабек Муродов гирд оварда шудаанд.Ин китоб аз тадқиқоти дастҷамъии солҳои охир доир ба саҳми ин чеҳраи тобноки мусиқии ҳирфаии тоҷик аст.

Ин китоб санаи 28-уми ноябри соли 2017 ба шуъбаи пурракунӣ ва коркарди адабиёти Китобхонаи вилоятӣ ворид шудааст.