Дар миёни тоҷикон таассубе нисбат ба дигар миллатҳо ва халқҳо вуҷуд надорад ва ҳамбастагию дилсӯзӣ ба инсон аз суннати волои ин мардум аст, ки аз бузургони худ ба мерос бурдаанд. Ҷалол Сиддиқӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.346

ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО

“Нобиға”

“Нобиға” рисолаи таҳқиқии муаррихон Усмонҷон Ғаффоров ва Аюбҷон Усмонов аст, ки ба рӯзгор ва осори академик, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст.  Дар рисола кӯшиш бар он рафтааст, ки чеҳраи ин шахсияти барҷастаи миллати тоҷик ҳамчун роҳбар, ходими сиёсиву давлатӣ, олим ва муаррих мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирад. Дар асар маълумоти аҷиб роҷеъ ба паҳлӯҳои барои омма норавшани Қаҳрамони Тоҷикистон, суханҳои ҳикматноки ӯ оварда шудааст, ки арзиши маънавиро бар арзиши таърихиву илмии он зам мекунад.

Асар соли 2017 дар нашриёти “Меъроҷ”-и шаҳри Хуҷанд ба ҳаҷми 140 саҳифа нашр шуда, аз муаллифон дар оғози соли 2018 ба китобхона ҳадя шудааст.