Дасти тоҷикон дар ҳар ҷое, ки буда, замини хушку ношодобро ба замини шодобу шод табдил сохтааст. Навбаҳор Абдуғиёс. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.362

ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО

«Дети Бобуччака» (жители Хишевата)

навиштаи повестгунаест ба забони русӣ, ки ба қалами Ҷамолиддин Б. Одинаев ва И. Одинаева тааллуқ дорад. Асар дар бораи ҳаёти кӯдакии худи муаллифон, ки дар нимаи дуюми садаи ХХ дар деҳаҳои Бобучак ва Хишекати ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) сипарӣ шудааст, ба хонандагон маълумот медиҳад. Инчунин дар он расму анъанаҳои халқии роиҷ дар нимаи дуюми асри ХХ, анвои таомҳои миллӣ, пешаву касбҳои мардуми кӯҳистон, ҳодисаҳои аҷиби зиндагии кӯдакон инъикос ёфтааст. Асар соли 2014 дар Теҳрон нашр шуда, ҳамагӣ аз 187 саҳифа иборат аст.

Китобро яке аз муаллифон ба китобхона моҳи январи соли 2018 ҳадя кардааст.