Ҷойгоҳи Самарқанду Бухоро дар таърихи тоҷикон монанди Санкт-Петербург ва Маскав аст барои русҳо. Рустам Шукуров. Манбаъ: Қубодиён, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.69

ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО

Ду боли як иқбол

Ду боли як иқбол
Маҷмӯаи мақолаҳо ва суҳбатҳои таърихшинос, профессори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, муовини аввали Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон, шодравон Абдуҷалил Бобокалонов аст, ки ба мавзӯи Ваҳдати миллӣ ихтисос дода шудаанд. Китоб бо маблағгузории собиқ Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд дар ҳаҷми 64 саҳифа соли 2017 чоп шудааст. Муаллиф номи китобро аз сухани зерини Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон гирифтааст: “Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – ду боли як иқбол ва ду рукни меҳварии фарҳанги давлатдорию давлатсозии мо мебошанд, ки ҳамдигарро нерӯи тоза ва тақвият мебахшанд”. 

Китоб моҳи январи соли ҷорӣ ба Китобхонаи вилоятӣ ҳамчун ҳадя ворид шуда, дар ҳамаи шуъбаҳои хизматрасонӣ ҳифз ва ба истифода дода мешавад.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ ба дастандаркорони чоп ва дастраскунандагони китоб аз номи китобдорон ва истифодабарандагон миннатдорӣ баён мекунад.