Теъдоди тоҷикони ҷаҳонро то 44 миллион ҳам гуфтаанд. Манбаъ: Шарифов, Ҳасанбой. Тоҷикони бурунмарзӣ: таърихи пошхӯрӣ ва аҳволи ҳозира.Чопи дуюм.−Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1999. –С.13

ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО

Пешвои миллат ва сиёсати забон

Пешвои миллат ва сиёсати забон
маҷмӯаи мақолаҳоест, ки он бо кӯшиши забоншинос, профессор Абдусаттор Абдуқодиров гирдоварӣ шуда, соли 2017 дар нашриёти “Ношир”‑и шаҳри Хуҷанд дар ҳаҷми 316 саҳифа мунташир шудааст.  Чунончи дар аннотатсияи маҷмӯа омадааст:
Дар ин китоб сухан аз ду падидаи иҷтимоӣ− арзи меҳр ва садоқати одамони касбу корашон гуногун ба Пешвои милат ва дастоварди нодири фарҳангӣ−ташаккули сиёсати давлатии забон дар Тоҷикистон меравад, ки бо шарофати он забони тоҷикӣ ба манзалати рукни ҷудоинопазири давлатдорӣ, муқаддасот ва ифтихори миллӣ расид.

Китоби мазкур барои доираи васеи хонандагон ҳамчун маводи раҳнамо дар шинохти мақоми забони давлатӣ хизмат карда метавонад. Ин маҷмӯа ба хазинаи Китобхонаи вилоятӣ моҳи декабри соли 2017 ҳамчун ҳадя ворид шудааст. Онро фақат дар толори хониши китобхона дастрас кардан мумкин аст.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ ба дастандаркорони чоп ва онҳое, ки дар эҳдои он ҳиммат гумоштанд, аз номи китобдорон ва истифодабарандагон миннатдорӣ баён мекунад.