Аз дари адолат бояд дар омад, ки тоҷикон то имрӯз аз пойдортарин миллат ба шумор мераванд, ба нудрат миллате чун тоҷикон бад‑ин шумораву шиддат заработеро рӯбарӯ шудаанд. Аммо каме фурсат кофӣ буд, ки ин миллат дубора ҷон бигирад. Н.Г. Павлов. Манбаъ: Амиршоҳӣ, Нурмуҳаммад. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои ХI−ХIV.−Душанбе: Амри илм, 1999. –С.85‑86

ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО

“Таърихи Дарвоз” аввалин кўшиши ҷиддӣ барои равшан кардани таърихи яке аз мулкҳои бостонии кӯҳистони тоҷик – Дарвоз мебошад, ки таърихшинос, доктори илмҳои таърих, профессор Пирумшоев Ҳайдаршо таълиф кардааст. Дар китоб ҳаводиси сиёсӣ, раванди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ин шоҳигарии мустақил дар асрҳои миёна (ҳудуди кунунии ноҳияҳои Тавилдара, Дарвоз, Ванҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вулусволии Дарвози Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар бар мегирифт), давраи чун бекигарӣ дар ҳайати аморати Бухоро қарор доштанаш, рушди бисёрсамтаи он дар замони шӯравӣ ва уфуқҳои нави созандагии ин диёр дар даврони Истиқлолияти комили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба доираи таҷдиди воқеъбинонаи илмӣ кашида шудааст.

Китоб соли 2008 дар ҳаҷми 704 саҳифа бо теъдоди 5000 нусха тавассути нашриёти  “Ирфон”-и шаҳри Душанбе нашр гардида, соли ҷорӣ ба хазинаи Китобхонаи вилоятӣ аз тарафи меҳмонони Бадахшон  ҳамчун ҳадя ворид гардид.омода шудааст.