Дар ҳар ҷо ки тоҷикон зистаанду мезиянд, осор ва бақоёи олии кишоварзӣ, анвои пурбору арзишманди гиёҳон дида мешавад. Попов М.Г. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.146

ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО

Озмуни китобхонавии «Китобхонаи намунавӣ»

КИТОБДОРОНИ АРҶМАНД!

Озмуни «Китобхонаи намунавӣ» дар асоси нақшаи чорабиниҳои кории Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бори аввал бо мақсади баланд бардоштани сифату самаранокии хизматрасонии китобию матбуотӣ, тарғибу ташвиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат, роҳандозии шаклу намуди ҷадиди хизматрасонӣ, ҷорӣ намудани технологияи нави замонавӣ ва монанди инҳо дар доираи ҷашнҳои таърихии 25-солагии Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, 100 - солагии китобхона ва Соли ҷавонон баргузор мегардад.


Шартҳои озмун:

 

1. Вазъи моддию техникӣ, ҳолати бино, таъминот  бо таҷҳизоти  китобхонавӣ, мисли  рафҳои оҳанин, чӯбин, феҳраст, намоишгоҳи китобӣ, мизу курсӣ, воситаҳои оташнишонӣ, гармидиҳӣ, ҳавокашӣ, технологияи нав, монанди компютер, принтер, сканер, Интернет ва ғайраҳо.

2. Ҷобаҷогузории китобҳо дар рафҳо аз рӯи таснифоти  китобхонавӣ, библиографӣ ва алифбоӣ.

3. Мавҷудияти феҳрастҳои китобӣ, алифбоӣ ва мураттабӣ. 

4. Сатҳи донишу малакаи касбии китобдор.

5. Сатҳу сифати корҳои ҳуҷҷатнигорӣ (нақша, ҳисобот, дафтарҳои бозшуморию бақайдгирӣ, рӯзнома ва тамоми ҳуҷҷатҳои соҳавӣ). 

6. Истифодаи дастурҳо, баргаҳои мавзӯӣ ва доимоамалкунанда, хулосаҳои китобшиносӣ, лавҳаҳо, рӯйхати тавсиявӣ, мактубҳои методӣ, маводи паҳнкунандаи тарғиботӣ дар раванди фаъолият.

7. Тарзҳои самарабахш оид ба баргардонидани китобҳои дар ихтиёри истифодабарандагони қарздорбуда.

8. Вазъи хизматрасонии берун аз китобхона.

9. Ороиш ва аёнияти китобии китобхона оид ба ҷалби хонандагон дар Соли ҷавонон. 

 10. Мавҷудияти китобхонаи таҷрибавӣ дар шаҳру навоҳӣ ва мавқеи он дар такомули донишҳои соҳавии китобдорон.

 

ТАРТИБ ВА ТАҚВИМИ ОМӮЗИШИ ВАЗЪИ ФАЪОЛИЯТИ КИТОБХОНАҲОИ ВИЛОЯТ:

 

1. ноҳияи Айнӣ- 19 июл

2. ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ-20 июл

3. шаҳри Панҷакент-21 июл

4. ноҳияи Шаҳристон-24 июл

5. шаҳри Истаравшан-25 июл

6. ноҳияи Деваштич -26 июл

7. ноҳияи Зафаробод-27 июл

8. ноҳияи Спитамен  - 2 август

9. ноҳияи Ҷаббор Расулов -3 август

10. шаҳри Бустон -4 август 

11. шаҳри Гулистон - 8 август

12. шаҳри Истиқлол- 9 август

13. ноҳияи Мастчоҳ -10 август      

14. ноҳияи Ашт – 11 август

15. шаҳри Конибодом -15 август

16. шаҳри Исфара -16 август

17. ноҳияи Бобоҷон Ғафуров-17 август 

18. Китобхонаи вилоятии бачагона ба номи Аминҷон Шукуҳӣ-18 август

19. Китобхона-филиалҳои шаҳри Хуҷанд-22 август

 

 Ғолиби озмуни «Китобхонаи намунавӣ»  бо принтер мукофотонида мешавад.