Тоҷикон дар асри Х устод Рӯдакӣ барин доҳии забон ва санъатро расонданд, ки тамоми халқҳои форсизабон аз адабиёти оламшумули худ аз ин устод миннатдор аст. Садриддин Айнӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.42

ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО

“Дастхати Войнич”

Аҷоиботи олами китоб

Дар олам китобҳои аҷиб зиёданд. Яке аз онҳо китоби мусавварест маҷҳулмуаллиф, ки бо хату алифбои барои аҳли илм то ҳол ношинохта навишта шуда, бо номи “Дастхати Войнич” маъруф мебошад. Ин китоб миёни солҳои 1404 - 1438 китобат шудааст.