Меҳри Ватан ва табиати он дар дили тоҷикон решаи амиқ дорад ва ҳаргиз ба осони ватани маълуфашонро фаромӯш намекунанд. Навбаҳор Абдуғиёс. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.362

“Армуғони аҳли дил” баргузида ва тарҷумаи ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ мебошад, ки ба муносибати баргузории конференсияи байналмилалии «Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ» (28-29-уми октябри соли 2016) ба кӯшиши доктори илмҳои филология Фахриддин Насриддинов омода гардидааст. Ин китоб аз дастовардҳои тозаи Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” дар самти таблиғу нашри осори Хоҷа Камоли Хуҷандӣ мебошад.  Ғазалҳои Хоҷа Камоли Хуҷандӣ дар ин китоб ба забонҳои олмонӣ (тарҷумаи Александр Ҳайзер), англисӣ (тарҷумаи Бахтиёр Олимов), русӣ (тарҷумаҳои И. Селвинский, А. Адалис, В. Звягинсева, В. Потапова, М.Синелников дар таҳриру веростории Матлуба Хоҷаева ), ӯзбекӣ (тарҷумаи Муҳаммадҷон Васфӣ  дар таҳрири Абдусалом Абдуқодиров), урдӯӣ (тарҷумаи Муҳаммадсиддиқи Шиблӣ бо веростории Орифи Навшоҳӣ) тарҷума шуда, ҳамчунин ба забону хатти форсӣ низ баргардон шудаанд.

Намояндагони забонҳои гуногун тавассути ин китоб бо каломи шаккарини Хоҷа Камол унсу ошной пайдо хоханд кард.

“Китобхона - олами афсона”  соли 2016 тавассути нашриёти “Меъроҷ”-и  шаҳри Хуҷанд  дар ҳаҷми 224 саҳифа бо теъдоди 200 нусха мунташир шудааст. Ин китоб фарогири навиштаҳои китобшиносону нависандагон ва алоқамандони соҳаи китобдорӣ дар бораи Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ буда, ба 40-солагии таъсисёбии ин муассисаи маърифатӣ бо ташаббуси Раёсати фарҳанги вилояти Суғд интишор шуда, аз таърихи мавҷудияти  он ҳикоят мекунад.

Китоб барои ҳаводорон ва дӯстдорони олами мapғyби кӯдакону наврасон, муҳаққиқону китобшиносон, ва оммаи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.орсӣ омода шудааст.

“Таърихи Дарвоз” аввалин кўшиши ҷиддӣ барои равшан кардани таърихи яке аз мулкҳои бостонии кӯҳистони тоҷик – Дарвоз мебошад, ки таърихшинос, доктори илмҳои таърих, профессор Пирумшоев Ҳайдаршо таълиф кардааст. Дар китоб ҳаводиси сиёсӣ, раванди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ин шоҳигарии мустақил дар асрҳои миёна (ҳудуди кунунии ноҳияҳои Тавилдара, Дарвоз, Ванҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вулусволии Дарвози Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар бар мегирифт), давраи чун бекигарӣ дар ҳайати аморати Бухоро қарор доштанаш, рушди бисёрсамтаи он дар замони шӯравӣ ва уфуқҳои нави созандагии ин диёр дар даврони Истиқлолияти комили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба доираи таҷдиди воқеъбинонаи илмӣ кашида шудааст.

Китоб соли 2008 дар ҳаҷми 704 саҳифа бо теъдоди 5000 нусха тавассути нашриёти  “Ирфон”-и шаҳри Душанбе нашр гардида, соли ҷорӣ ба хазинаи Китобхонаи вилоятӣ аз тарафи меҳмонони Бадахшон  ҳамчун ҳадя ворид гардид.омода шудааст.

“Мактаби актёрии тоҷик”-и  олими театршинос,  мунаққиди  соҳаи санъат равоншод Низом Нурҷонов (1923-2017) соли 2011 бо кӯмаки молии Дафтари Ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон дар ҳаҷми 496 саҳифа бо теъдоди 500 нусха мунташир шудааст.

Мардуми тоҷик аз қадим н исбат ба ҳунари актёрӣ –бозигарӣ рағбати хоса зоҳир намуда меояд. Ин санъат дар шаклҳои гуногуни театр и суннатии бостонӣ тавлид ёфта, қувват гирифт ва анъанаҳои зиёдеро ба майдон овард. Баъд и аз худ намудани услуби ҳунари бозигарӣ дар театри аврупоиасос ин анъанаҳо дучанд ғанитар, дурахшонтар ифода ёфта, мактаби актёрии тоҷикро ташаккул доданд Равияҳои гуногуни ин мактаб тавлид ёфтанд, дар ҳар равия актёрҳои бузург  пайдо шуданд. Устодон н а танҳ о санъати театрӣ , балки синаморо пеш бурданд, обрӯю эътибори фарҳ анги миллиро боло бардоштанд.

Китоби мазкур дар хусуси чӣ тавр ба вуҷуд омадан ва рушду нумуъ кардани мак таби актёрии тоҷик ҳикоят мекунад.