Тоҷикон дар асри Х устод Рӯдакӣ барин доҳии забон ва санъатро расонданд, ки тамоми халқҳои форсизабон аз адабиёти оламшумули худ аз ин устод миннатдор аст. Садриддин Айнӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.42

“ЗИНДАГИНОМАИ БЕДИЛ”

“ЗИНДАГИНОМАИ БЕДИЛ” “ЗИНДАГИНОМАИ БЕДИЛ” асари бедилшинос  Бобобек Раҳимӣ мебошад, ки соли  2017 бо ҳаҷми  496 саҳифа дар нашриёти «ЭР-граф»-и шаҳри Душанбе нашр шудааст. Рисола дар заминаи осори Бедил, манбаъҳои адабию таърихӣ ва адабиёти мавҷудаи илмӣ таълиф шуда, лаҳзаҳои асосии зиндагии Бедилро дар бар мегирад. Дар асар роҷеъ ба замони кӯдакӣ, ҷавонӣ ва пирии шоир, давраи мактабу мадраса, сафарҳои гуногуни ӯ ва ҳаёти устодони маънавияш, иртиботи ӯ бо шоирони ҳамзамонаш, муносибаташ ба хокимони аср, хислатхои шахсии шоир, лаҳзаҳои охирини зиндагии Бедил, таърихи вафот ва анъанаи таҷлили Урси Бедил маълумотҳои илман асоснок  пайдо кардан мумкин аст.

Ин китоб санаи 28-уми ноябри соли 2017 ба шуъбаи пурракунӣ ва коркарди адабиёти Китобхонаи вилоятӣ ворид шудааст.

«ОИЛА - АСОСИ ВАТАНДОРӢ»

"ОИЛА - АСОСИ ВАТАНДОРӢ"

«ОИЛА - АСОСИ ВАТАНДОРӢ» китоби собиқ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода мебошад, ки соли 2015 ба муносибати Соли оила барои оммаи васеи хонандагон, бахусус тарғибгарон, кормандони кумитаҳои маҳаллаҳо, омӯзгорону тарбиятгарон тавассути нашриёти “Меъроҷ”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳаҷми  368 саҳифа нашр шудааст. Китоб дар бораи оилаҳои машҳури шаҳри Хуҷанд, хонадонҳои обрӯманд, ашхоси номвар ва шахсиятҳое, ки дар ташаккули ҷомеаи навин хидмат кардаанд, нақл мекунад. Муаллиф ва таҳиягарон бо нашри ин китоб саҳми худро дар тарғиби сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила, тарбияи ватанпарварӣ ва инсондӯстии насли наврасу ҷавон, вусъатбахшии афкори ҷомеа гузоштаанд. 

Ин китоб санаи 28-уми ноябри соли 2017 ба шуъбаи пурракунӣ ва коркарди адабиёти Китобхонаи вилоятӣ ворид шудааст.

“Иксири саодат”

“Иксири саодат”

Китоби мазкур гузидаи абёт, мисраъ ва гуфторҳои ҳакимонаи Камоли Хуҷандӣ мебошад, ки ба муносибати баргузории конференсияи байналмилалии «Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ» (28-29-уми октябри соли 2016) ба кӯшиши доктори илмҳои филология Фахриддин Насриддинов таҳия шуда, соли  2016 дар ҳаҷми  224 саҳифа тавассути нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд дастраси меҳмони хориҷӣ ва алоқамандони ашъори ноби Камоли Хуҷандӣ гардидааст.  Матни китоб бо ҳуруфи кирилӣ ва форсӣ омода шудааст.

Фарҳанги вожаҳо ва ифодаҳои мардумӣ дар осори Мавлавӣ“Фарҳанги вожаҳо ва ифодаҳои мардумӣ дар осори Мавлавӣ”  ҳосили ранҷу  заҳмати чандинсолаи шоиру нависанда, тарҷумони барҷастаи тоҷик Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ  мебошад. Фарҳанг иборат аз дебоча, чор фасл (калимаҳо, таъбирҳо, таркибот, масалу мақолот) аст. Муаллиф дар ин фарҳанг бо истифода аз 2 138 байт аз осори Мавлоно Ҷалолуддин Балхии Румӣ  739 вожа, 233 таъбир, 182 таркиб,  78 мақолу масалро шарҳу тафсир додааст.

Фарҳанг бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 дар ҳаҷми 400 саҳифа бо теъдоди 100 нусха нашр шудааст.