Ҷаҳони маънавии тоҷикон ҳамонанди ҳамаи ориёиён боз аст, ҳар кӣ метавонад ба осонӣ дарун ояд, вале ҳаргиз наметавонад аз он берун шавад. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

«Сад барги ғазал»-и Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Баргузидаи сад ғазали Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ аз силсилаи «Сад барги ғазал», ки кафедраи адабиёти классикии тоҷик зери назари доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдуманнон Насриддин таҳия ва омода мешуд, ба шумор рафта, онро адабиётшиносон Маҳмадшоҳ Маҳмадшоев ва Ромиз Абдуллоев таҳия карда, пешгуфтор низ навиштаанд. Ин баргузида соли 2015 аз тарафи нашриёти “Нури маърифат”-и ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мунташир шуда, соли 2016 ба махзани Китобхонаи вилоятӣ ворид гардидааст.

 

Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев

Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақоми шахсиятҳои таърихӣ басо хуб гуфтаанд:

- Дар интиҳои асри XX, ки Тоҷикистони азизи мо баъди ҳазор сол соҳиби истиқлолият гардид, донистани таъриху фарҳанг ва корномаи шахсиятҳои маъруфи гузаштаву имрӯза барои ҷомиаи мо чун обу ҳаво зарур аст.

Танҳо дар мисоли кору пайкори фарзандони фарзонаи миллат мо метавонем ҳисси ифтихори миллии мардумро баланд бардорем. Фақат худшиносӣ ва рӯҳи солими миллӣ мардумро аз харобии маънавиёт нигоҳ дошта метавонад.

Оре, пос доштани хотираи гузаштагон ва гиромидошти онҳо қарзу вазифаи фарзандии мост. Муҳим он аст, ки дар бобати худшиносиву миллатдӯстӣ ва ваҳдат мо аз таърих сабақи зарурӣ гирифта тавонем. Дарвоқеъ дастоварди бузургтарине, ки мо баъди соҳибихтиёр шуданамон ба он ноил гардидем, болоравии беназири ифтихор ва худшиносии миллӣ мебошад, ки бе ин омилҳо ҳеҷ миллат ва ҳеҷ халқ соҳиби обрӯву эҳтиром шуда наметавонад. Халқи тоҷик ба қадри фарзандони бузурги худ мисли Садриддин Айниву Абулқосим Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафурову Мирзо Турсунзода, Турсун Ӯлҷабоеву Абдулаҳад Қаҳҳоров, Султон Умарову Муҳаммад Осимӣ, Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеву Абдуғафур Самадов мерасад.

Энсиклопедияи мухтасари тиб

Энсиклопедияи мухтасари тиб

Дар энсиклопедия мақолаҳо ба тартиби алифбо ҷойгир шудаанд. Номи мақола бо ҳуруфоти сиёҳи баланд дарҷ гаштааст. Дар мақолаҳои тарҷумаиҳолии ЭМТ насаб ҳамчун моддаи асосӣ бо ҳуруфоти сиёҳи баланд, аммо ном ва номи падар бо ҳуруфоти муқаррарӣ меоянд.

Масалан, ИСҲОҚИ Юсуф Баширхонович. Баъди онҳо дар қавсайн рӯз, моҳ ва соли таваллуд ё вафот дода мешавад. Ҷое, ки ба маҳалли таваллуд ё вафот ишорате нарафтааст, далолат бар он мекунад, ки чунин маълумот аз маъхазҳои мавҷуда пайдо нашудаанд.

Дар мақолаҳои доир ба ашхос пас аз насаб, ном, номи падар ва куния, дар қавсайн сана, маҳалли таваллуд ва фавт оварда мешавад:БАЙҲАҚӢ Заҳируддин Абулҳасан Алӣ ибни Зайд (1106, Сабзавор, музофоти Байҳақ - 1174, ҳамон ҷо).

Калимаҳое, ки пас аз моддаи асосӣ (номи мақола) бо яккаҳарфҳо (разрядка) омадаанд, синоним, муродиф ё таъбири дигари маъмули ҳамон ном ё ибораанд, ки бо ҳуруфоти дурушти сиёҳ чида шудаанд, масалан, ИСПАНД, ҳазориспанд, ВИРИЛИЗМ, мардандомӣ.

То он ҷое, ки имкон дошт, дар бораи этимология (пайдоиш)-и калимаҳое, ки дар таркиби моддаи асосӣ омадаанду аз забонҳои дигар ба забони тоҷикӣ дохил гардидаанд, маълумоти мухтасар дода шуд. Ғайр аз ин, номи ба забони илмӣ маъмули растаниҳо, бемориҳо, доруҳо, илмҳо ва элементҳои химиявӣ дар баробари ҳуруфоти имрӯза ба ҳуруфоти лотинӣ низ навишта шудааст. Тасвирҳо асосан дар дохили худи мақола ҷой дода мешаванд.

Кори ҳамширагӣ дар тибби оилавӣ

Кори ҳамширагӣ дар тибби оилавӣ

Вобаста ба ислоҳоти системаи нигахдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла ислоҳоти омодасозии мутахассисони тиббӣ ва ҷорӣ намудани тибби оилавӣ, зарурат ба омодасозии ҳамшираҳои тиббии оилавӣ ба амал омад.

Ӯҳдадориҳои вазоифии ҳамшираҳои тиббии оилавӣ аз ҳамшираҳои тиббии одӣ хеле фарқ мекунад.

Ҳамширахои тиббии оилавии тахассуснок бояд аз бештари соҳаҳои тиб донишҳои зарурӣ дошта бошанд дар соҳаи маслиҳатдиҳӣ оид ба масъалаҳои тарзи солими ҳаёт ва омилҳои рафтории хатарнок, ёрмандии умумӣ ба оилаҳо оид ба масъалаҳои бо солимӣ алоқаманд буда. Бо роҳи ошкорсозии бармаҳали ҳолатҳои алоҳидаи касолатӣ, онҳо метавонанд барои ҳал намудани тамоми муаммоҳои бо солимии аъзоёни оила алоқамандбуда, дар марҳилаҳои ибтидоӣ кӯмак расонанд.

Ҳамшираҳои тиббии оилавӣ ба беморони бемориҳои аз ҳама маъмул дошта, ки дар амалияи тиббии умумӣ вомехӯранд, ёрии муолиҷавӣ-профилактикӣ мерасонанд. Онҳо метавонанд шаклҳои беоризаи бемориҳои аз ҳама маъмули навзодон, кӯдакон, калонсолон ё пиронсолонро ӯҳда кунанд.

   Дар дастури мазкур ба парастории ҳамширагӣ дар хона ва раванди ҳамширагӣ диққати махсус дода шудааст. Бо малакаҳо дар соҳаи тиббӣ профилактикӣ ва тарзи солими ҳаёт, омилҳои ба солимии аъзоёни оила таъсиркунанда ва тадбирҳои пешгирӣ намудани онҳо хубтар шинос мегардед.