Дар миёни тоҷикон таассубе нисбат ба дигар миллатҳо ва халқҳо вуҷуд надорад ва ҳамбастагию дилсӯзӣ ба инсон аз суннати волои ин мардум аст, ки аз бузургони худ ба мерос бурдаанд. Ҷалол Сиддиқӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.346

«Прибообщение к искусству слова–задача чрезвычайно ответственная и сложная»

«Прибообщение к искусству слова - задача чрезвычайно ответственная и сложная»  маҷмўаи мақолаҳои устодони факултети филологияи руси ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки ба мавзӯъҳои гуногуни забон ва адабиёти рус, робитаҳои адабӣ ва дигар мавзӯъҳо ихтисос ёфта, ба муносибати 85-солагии донишгоҳи мазкур дар нашриёти “Меъроҷ”-и шаҳри Хуҷанд дар ҳаҷми 204 саҳифа нашр шудааст.
Китоб оғози соли 2018 ба китобхона ворид шудааст.

“Лашкари аморати Бухоро: ҳолат, идора ва анъанаҳо”

“Лашкари аморати Бухоро: ҳолат, идора ва анъанаҳо”  рисолаи таҳқиқии Султонзода Беҳзод Султонӣ мебошад, ки ба омӯзиш ва таҳқиқи лашкари аморати Бухоро бахшида шудааст. Рисолаи илмӣ аз муқаддима, се боб ва ҳафт фасл иборат аст. Муаллиф дар ҳар бобу фасл оид ба масъала ва мавзӯи мавриди таҳқиқ дар асоси маводи бойгониҳои ҳарбии Россияи подшоҳӣ, бойгонии генерал-губернатории Туркистон ва дигар сарчашмаҳои таърихӣ бо далелҳои қотеъ сухан гуфтааст. Рисола соли 2017 дар нашриёти “Меъроҷ”-и шаҳри Хуҷанд дар ҳаҷми 232 саҳифа мунташир шуда, оғози соли 2018 ба китобхона ворид шудааст.

“Дарси гузашта”

Дарси гузаштамаҷмӯаи навиштаҳои публисистии шоиру рӯзноманигор Абдуллои Фозил аст, ки соли 2017 тавассути нашриёти “Тоҷпринт”-и шаҳри Хуҷанд дар ҳаҷми 228 саҳифа мунташир шудааст. Муаллиф дар навиштаҳояш аз ҳаёти мардуми гуногункасбу кори яке аз ноҳияҳои кишварамон – Кӯҳистони Мастчоҳ нақл мекунад ва хонандагонро ба ватандӯстӣ ва ободониву бунёдкорӣ даъват менамояд.

Узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Низомиддин Зоҳидӣ (мухтасари рӯзгор ва феҳристи осор)

Узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Низомиддин Зоҳидӣ (мухтасари рӯзгор ва феҳристи осор) дар таҳия ва танзими номзади илмҳои филологӣ, дотсент Насимҷон Ҳамробоев бо пешгуфтори академик Носирҷон Салимӣ ба муносибати 60-солагии ховаршиноси шинохта, муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ соли 2017 тавассути нашриёти “Меъроҷ”-и шаҳри Хуҷанд дар ҳаҷми 72 саҳифа мунташир шудааст.